Наши рекомендации Наши рекомендации
Наши рекомендации

Инҳо кормандонашонро дар ширкати мо суғурта карданд

Тавсияҳои мо

Тавсияҳои мо

  Бо гирифтани полиси суғуртавӣ ба шумо тавсия дода мешавад, ки соле ду маротиба аз муоинаи тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино гузаред, зеро ҳар бемориро пеш аз сар задани он муолиҷа намудан осонтар мебошад ва имконияти муолиҷаи пурраи он низ дар саривақт пешгирӣ намудани он аст.

Мо ба шумо тавсия медиҳем, ки ҳамчунин аз навигариҳои сомонаи Бемористони Ибни Сино бохабар бошед, чунки аз он шумо метавонед доир ба рӯзҳои қабули мутахассисони ботаҷрибаи хориҷӣ бохабар бигардед ва ҳамчунин тавассути сомона аз мутахассисони мо метавонед доир ба ҳама гуна саволҳои худ посух бигиред.

Дар сомонаи Бемористони Ибни Сино  ҳар нафари Шумо имкон дорад, ки мутахассиси мақбулашро барои муолиҷа  интихоб намояд

СИТ –афзалиятҳои полиси ихтиёрии тиббӣ

  Ба касе пӯшида нест, ки ҳамеша  солиму тандуруст будан, ба осонӣ муяссар намешавад, аз ин рӯ, дарёфти полиси СИТ (суғуртаи ихтиёрии тиббӣ)  метавонад боэътимодтарин  кафолат барои дастарасии шумо  ба ёрии  тиббии  тахассусии сатҳи боло бошад.

          Мафҳуми суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ифодакунандаи полиси суғуртавии фарогире аст, ки шомили табобати босифат, муоинаи дақиқи тиббӣ, тамоми навъҳои хидматрасониҳои тиббӣ  ва дармону муолиҷаи лозим дар бемористонҳои мавриди эътимоди шумо мебошад. 

Муфассал...

Бемористони Ибни Сино

Биёву бубар!