Часто задаваемые вопросы Часто задаваемые вопросы
Часто задаваемые вопросы

Инҳо кормандонашонро дар ширкати мо суғурта карданд

Пурсишҳо ва посухҳо

Агар хароҷоти хизматрасонии тиббии ба соҳиби полис расонидашуда аз маблағи дар шартнома нишондодашуда, боло равад, кӣ онро пардохт хохад кард?

  Агар маблағи хизматрасонии тиббии ба шахси суғурташуда расонидашуда, аз маблағи дар шартнома муқараргардида, боло биравад, шартномаи мазкур қатъ карда мешавад ва муштарӣ аз ҳуқуқи бо полис гирифтани хизматрасонӣ маҳрум мегардад.

Оё иконияти  бо як полис гирифтани хизматрасониҳои тиббӣ дар якчанд бемористон ҷой дорад?

Не, ин ҳолат дар шартномаи мазкур зикр нагардидааст

Ширкати суғуртавӣ чӣ тавр аз сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён назорат мебарад?

Ширкати сугуртавӣ масъулияти хамаи онҳоеро, ки суғурта шудаанд, ба ӯҳда мегирад ва ҳамин тавр аз хама гунна хизматрасониҳои бемористон, ҳаҷми хизматрасонӣ, сатҳ ва сифати он назорат мебарад. Аз  сатҳи хизматрасониҳо мутахассисони ширкат, ки ба ин кор масъуланд назорати қатъӣ мебаранд.

Агар хизматрасонӣ дар шакли муайян ва ё дар сатҳи зарурӣ ба муштарӣ пешниҳод нагардад ва ё ки муштарӣ аз он қаноатманд набошад, пас ӯ метавонад дар хамон ҳолат ба муштарӣ тавсия дода мешавад, ки аз ин кор ба ширкат фавран хабар расонад. Масъулони ширкат вазифадоранд, ки ба муштариёни худ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониро таъмин намоянд. Дар холати зарурӣ муштарӣ метавонад дар шакли хаттӣ ба ширкати суғуртавӣ шикоят кунад.

 

Арзиши дорувории барои табобат зарур низ тавассути полис пардохт карда мешавад?

Дар доираи барномаҳои дар суғуртаи тиббии ихтиёрӣ муқарраргардида, таъминоти доруворӣ аз ҷониби ширкат танҳо зимни хизматрасонии стационарӣ дар назар гирифта шудааст.

Дар байни суғуртаи тиббии ихтиёрӣ ва хизматрасонии пулӣ дар бемористонҳо чӣ тафовуте аст?

Моҳияти асосии суғуртаи тиббии ихтиёрӣ дар он аст, ки пас аз супоридани ҳаққи суғурта Шумо барои табобати худ дигар маблағ намесупоред. (дар доираи маблағи суғуртавии муқараргардида). Хароҷоти минбаъдаи ин ё он хизматрасонии тиббиро  ширкати суғуртавӣ ба зимма мегирад. Аз ин рӯ шахси суғурташуда, дар сурати ба бемории ҷиддие гирифтор шудан, дилпур мегардад, ки барои рафъи он хароҷоти зиёдатӣ лозим нест.Мумкин аст, ки арзиши хизматрасониҳои тиббӣ дар давоми сол  дар ин ё он муассисаҳои тандурустӣ афзоиш ёбанд, аммо бо супоридани ҳаққи аъзопулӣ ба соҳиби полис ройгон хизмат расонида мешавад ва пардохти иловагӣ лозим нест. Яке аз норасоиҳои ҷиддии имрӯзаи соҳа дар он ифода меёбад, ки баъзан пизишкони тамаъкор шахсро  барои пардохти лавозимоти доруии нолозим ё зиёдатӣ маҷбур менамоянд.

Дар суғуртаи тиббии ихтиёрӣ  чунин ҳолат ҷой надорад, чунки мутахассисони ширкат мақсаднок будани мушовара, ташхис ва табобатро назорат мебаранд.

Ҳаққи суғурта чист?

Ҳаққи суғурта - ин арзиши полиси суғуртавист, бо ибораи дигар аъзопулист. Андозаи ҳаққи суғурта ва мӯҳлати пардохти он дар шартнома ва ё полиси суғуртавӣ нишон дода мешавад. Дар ҳолати саривақт пардохт накардани ҳаққи суғурта он аз эътибор сокит дониста мешавад. Аз рӯи шартномаи суғуртаи тиббии ихтиёрӣ ҳаққи суғурта ба таври яклухт пардохт карда мешавад

Шартномаи суғуртаи тиббии ихтиёрӣ ба кадом мӯҳлат баста мешавад?

Шартнома ба муддати як сол баста мешавад.

Чиро ҳодисаи суғуртавӣ номидан мумкин аст?

Ҳодисаи суғуртавӣ дар суғуртаи тиббии ихтиёрӣ – муроҷиати соҳиби полиси суғуртавӣ барои гирифтани ин ё он намуди хизматрасонии тиббии  дар шартнома муқарраргардида ба ҳисоб меравад. Намудхои ҳодисаҳои суғуртавӣ ва ё ҳолатҳое, ки ба он марбут дониста намешаванд, бояд дар шартномаи суғурта ва ё дар полиси суғурта нишон дода шаванд.

Чӣ тавр хароҷот барои хизматрасонии тиббии тавассути полис сурат гирифта,  пардохт карда мешавад? Оё ширкати суғуртавӣ   хароҷотҳои хизматрасонии тиббиро, ки тасдиқ шудаанд, мепардозад?

Дар ин намуди полиси суғуртавӣ пардохти маблағи суғурта  нишон дода нашудааст. Ширкати суғуртавӣ маблағи хизтмарасонии тиббиеро, ки ба муштарӣ расонида шудааст,  бевосита ба муассисаҳои тиббӣ ё бемористон пардохт менамояд. Ҳамин тавр шумо танҳо як маротиба зимни харидории полис маблағ месупоред, ҳамаи хароҷотро барои минбаъд ширкат ба ӯҳда мегирад.

Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ чист?

Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ин хизматрасонии тиббиест, ки аз ҷониби ширкати суғуртавӣ пешниҳод мегардад. Полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ,   ба соҳиби он ҳуқуқ медиҳад, ки аз хизматрасониҳои тиббии муассисаҳои тиббӣ, мутобиқи барномаи суғурта дар мӯҳлати муқараргардида истифода барад.

Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ чӣ бартарӣ дорад?

Шартномаи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ хизматрасонии тиббиро дар доираи маблағи суғуртавӣ, ки аз арзиши полиси суғуртавӣ чанд баробар болотар аст, кафолат медиҳад.

Ширкатҳои суғуртавӣ ба ҳайси шарик бемористон ё марказҳои тиббиеро, интихоб менамоянд, ки вобаста ба сатҳи шароит ва хизматрасонӣ дар ҷомеа мавқеи намоёнро ишғол намудааст, аз ин рӯ онҳое, ки  полиси суғуртаи тиббиро дарёфт мекунанд, хизматрасонии тиббии босифат мегиранд. Ҳамчунин   сатҳи хизматрасонӣ доимо аз ҷониби ширкати суғуртавӣ зери назорат қарор дода мешавад ва мутахассисони ширкат барои рафъи ҳама гуна нофаҳмиҳо ба муштариён мусоидат менамоянд.

Нуктаи аз ҳама муҳим он аст, ки шахси суғурташуда зимни хизматрасонӣ аз ҷониби ширкат дастгирӣ меёбад.

Ба ҳар як шахси суғурташуда менеҷери алоҳида барои мусоидати корҳои ташкилӣ  ва пизишки роҳнамо барои ҳалли масоили тиббӣ  вобаста карда мешаванд.

Ба барномаи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ чиҳо дохил мешаванд?

Барномаҳои суғурта  шомили хизматрасонии дармонгоҳӣ, табобати стационарӣ ва хизматрасонии стоматологӣ мебошад.

Бемористони Ибни Сино

Биёву бубар!