Агенти суғуртавӣ Агенти суғуртавӣ
Агенти суғуртавӣ

Инҳо кормандонашонро дар ширкати мо суғурта карданд

Агенти суғуртавӣ

Агенти суғуртавӣ

  Агенти суғуртавӣ - яке аз касбҳои  аҷиб ва машғулияти серталаб мебошад. Бо гузоштани қадами аввал ба ин самт Шумо аллакай соҳиби касби хуб ва даромаднок мешавед, ки дар навбати худ барои расидан ба орзуҳоятаон ба Шумо кӯмак мекунад.  Ҳамчунин дар муқоиса бо дигар соҳибкорони оддӣ Шумо рафиқи ғамхору бовариноке пайдо мекунед, ки он ҳам ширкати суғурта мебошад.

Таи солҳои охир фарханги суғуртакунӣ дар Тоҷикистон нисбатан боло рафтааст. Ҷамъияти мо низ имрӯз ба хубӣ дарк кардааст, ки суғуртаи тиббӣ  афзалияту имтиёзҳои худро дорад ва он метавонад дар кишвари мо ҳам хидматрасониҳои муаассир ва босифати тиббиро барои тамоми шаҳрвандон дастрас кунад. Аз ҳамин нуқтаи назар метавон гуфт, ки  барои  агентҳои суғуртавӣ ҳама имкониятҳо боз аст, хусусан вақте ки ӯ ширкати «Суғуртаи миллӣ-ро муарифӣ менамояд.

Чаро  ҳама мехоҳанд ки бо «Суғуртаи миллӣ» ҳамкорӣ  кунанд?


Вақте Шумо агенти суғуртавии ширкати «Суғуртаи миллӣ» мешавед, барои Шумо чунин бартариятҳо фароҳам оварда мешавад:

Эътимод ва боварӣ. Обрӯи корхона ва ё ширкат имкон медихад, ки қарордодҳои Шумо зуд ва сари вақт  ба имзо расанд. Ҳамчунин кафолат дода мешавад, ки ширкат ҳамеша аз иҷрои ӯҳдадориҳои худ мебарояд ва ҳамаи онҳое к ибо Шумо ҳамкорӣ мекунанд ва ё қарордод бастаанд,  аз сатҳи хизматрасониҳои мо қаноатманд хоҳанд буд.



Устуворӣ.   «Суғуртаи миллӣ» ҳама барномаҳои худро тавре коркард намудааст, ки ба ҳама қишри ҷомеа дастрас аст. Ба таври мисол Ширкати «Суғуртаи миллӣ» барои муштариёни худ чанд барномаи суғуртакуниро пешниҳод мекунад. Мутобиқи яке аз онҳо муштарӣ 500 сомонӣ ҳаққи суғурта пардохт карда, дар давоми як соли тақвимӣ  метавонад ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ хадамоти тиббӣ бигирад. Нархи ин ширкат дар қиёс бо кишварҳои муштакулманофеъ (Шуравии собиқ) ба таври қобили мулоҳиза камтар аст. Чунончи, барои ҳамин барнома, пардохти якмоҳаи ҳаққи суғурта камтар аз 42 сомониро ташкил медиҳад». Барномаҳои дигар низ бо пардохти 1000 сомонӣ ва пӯшиши 12 ҳазор сомонӣ ва пардохти 100 сомонӣ ва пӯшиши 800 сомонӣ  мавҷуданд.

Рушд. Суғуртаи миллӣ ҳама кормандонашро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Мо ба шумо ҳамчунин кумак мекунем, ки зуд ба моҳияти масъала ошно шавед ва ба комёбиҳо даст ёбед.  Агар Шумо мехоҳед ки на танҳо даромади молиявӣ, балки ҷои кори хубе низ дошта бошед, пас имкон дорад, ки Шумо корманди аслии ширкат бигардед. Яъне ояндаи Шумо аз худатон вобаста аст!

Бемористони Ибни Сино

Биёву бубар!