«РАҲМАТНОМА» БА «СУҒУРТАИ МИЛЛӢ» «РАҲМАТНОМА» БА «СУҒУРТАИ МИЛЛӢ»
«РАҲМАТНОМА» БА «СУҒУРТАИ МИЛЛӢ»

Инҳо кормандонашонро дар ширкати мо суғурта карданд

Хабар

«РАҲМАТНОМА» БА «СУҒУРТАИ МИЛЛӢ»

  Баротова Ашурҷон, 57 сола, ноҳияи Ғончӣ
  Ман модари 57 сола Баротова Ашурҷон аз ноҳияи Ғончӣ бо аҳволи хеле вазнин, ки худам роҳ рафта наметавонистам ва  ҳатто нафаскашиам мушкил буд, ду писарам ба Бемористони Ибни Синои ш. Хуҷанд оварданд. Баъди азназаргузаронии пизишкон маълум гардид, ки қалбам хеле бад кор карда истодааст, локин сабаби аниқаш номаълум буд. Барои аниқ кардани сабаби дард мутахассисони бемористон гузаронидани ангиографияро тавсия доданд, ки пурра аҳволи рагҳои баданро нишон медиҳад.
  Лекин дарёфт кардани маблағе, ки барои гузаронидани ин амалиёт ва баъд табобат кардан

зарур буд, ба писарониам мушкили молӣ пеш омад. Аз ин лиҳоз ба мо барномаи суғуртавӣ пешниҳод карда шуд, ки то 80% хароҷоти бемористонро руйпуш мекунад ва ин воситаи ҳалли масъала ба мо хеле маъкул шуд.
  Баъди суғурта шудан ман 5 руз дар бемористон бистарӣ шуда барои тайёрӣ дидан барои гузаронидани ангиография табобат гирифтам. Баъди гузаронидани ин амалиёт маълум гардид, ки як раги дилам 95% танг шудааст, ки ин мушкилот бо мондани стент бар даруни раги тангшуда ҳал мешавад. Бо розигии аҳли оила амалиёти ангиопластика аз тарафи Бемористони Ибни Сино бомуваффақият гузаронида шуд ва ман баъд аз 2 руз худам бе кумаки дигарон ба рох рафтам.  Боз як рузи дигар барои ташхис ва тахти назорати пизишкон дар бемористон гузаронида барои давоми табобати амбулаториӣ ҷавоб шудам.
  Ба ҳама духтурон ва кормандони суғурта сипосгузорам.
 

 

 

 

 

Бемористони Ибни Сино

Биёву бубар!