Суғуртаи миллӣ Суғуртаи миллӣ
Суғуртаи миллӣ

Инҳо кормандонашонро дар ширкати мо суғурта карданд

Суғуртаи миллӣ

  ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» ки муассисаш  Бемористони Ибни Сино аст, охирҳои соли 2012 ба фаъолият шурӯъ намуд. Бино ба қоидаҳои суғурта шаҳрвандон ва муассисаву корхонаҳо метавонанд бо имзои Шартнома, интихоби Барномаи суғурта ва пардохти ҳаққи суғурта ва муоинаи аввалияи тиббѝ дар давоми як сол аз хидматҳои тиббѝ дар Бемористони Ибни Сино баҳравар шаванд. Мо барои муштариёни худ се барномаи суғуртаро пешниҳод менамоем:

Барномаи суғуртаи №1. Хидматҳои тиббӣ, ки ширкати суғуртакунанда ба шахсони суғурташаванда мерасонад ва маблағи онҳо мутобиқи нархномае, ки байни Бемористони Ибни Сино ва ЧДММ «Суғуртаи миллӣ» мувофиқа ва тасдиқ шудааст ва то поени мӯхлати шартнома тағир намеёбад, дар ҳолати пардохт намудани 500 сомонӣ пӯшиши он то 5000 (панҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Барномаи суғуртаи №2.  Хидматҳои тиббӣ, ки ширкати суғуртакунанда ба шахсони суғурташаванда мерасонад ва маблағи онҳо мутобиқи нархномае, ки байни Бемористони Ибни Сино ва ЧДММ «Суғуртаи миллӣ» мувофиқа ва тасдиқ шудааст ва то поени мӯхлати шартнома тағир намеёбад, дар ҳолати пардохт намудани 1000 сомонӣ пӯшиши он то 12 000 (дувоздаҳ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Барномаи суғуртаи №3. Ин барнома ба шахсоне пешниҳод мегардад, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доранд. ЧДММ «Суғуртаи миллӣ» бо супоридани 5%-и маблағи ҷарроҳӣ пӯшиши чунин хизматрасониҳо: -ҷарроҳии такрорӣ; авориз ва тахти хоби иловагиро дар  Бемористони Ибни Сино ба шумо кафолат медиҳад.

Шумо метавонед барои дарёфти маълумоти муфассал ба сомонаи мо, ба бахши барномаҳо назар кунед.

Тамоми хоҳишмандони суғурта қабл аз имзои Шартнома бояст дар Бемористони Ибни Сино аз муоинаи аввалияи тиббѝ гузаранд. Нархи муоинаи тиббѝ , ки амалан ташхиси муфасали озмоишгоҳѝ ва дастгоҳѝ аст, барои суғурташавандагон бо тахфифи 70 дар садѝ пешниҳод мешавад ва бояд аз ҳисоби худи онҳо пардохт карда шавад.

Дар айни замон мо ягона ширкати суғуртавӣ ҳастем, ки бемористони худро дорем. Ширкати мо ба ифтитоҳи бахши минтақавӣ низ диққати бештар медиҳад, то ки сокинони кишвар дар ҳар минтақахо аз хизматрасониҳои мо баҳравар шаванд. Айни ҳол бахшҳои минтақавии мо дар шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд фаъоланд, ба зудӣ бахшҳои Фархор ва Курғонтеппа низ боз карда мешаванд.

 

Бемористони Ибни Сино

Биёву бубар!