Барномаи суғуртавии «ТАБОБАТ» Барномаи суғуртавии «ТАБОБАТ»
Барномаи суғуртавии «ТАБОБАТ»

Инҳо кормандонашонро дар ширкати мо суғурта карданд

Барномаҳо

Барномаи суғуртавии «ТАБОБАТ»

Барномаи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ

Барнома замимаи ҳатмии Қоидаҳои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ буда, масоили зайлро танзим менамояд:

пӯшиши суғуртавӣ, ки Суғуртакунанда ба Бемористони Ибни Сино барои табобати Шахси суғурташуда пардохт мекунад, дар давоми як сол то 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ хоҳад буд. Ҳаққи суғуртавӣ 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ мебошад.

Нархи ин хидматрасониҳо мутобиқи Нархномае, ки дар байни ҶСП «Дили солим» (Бемористони Ибни Сино) ва ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» мувофиқа ва тасдиқ шудааст, муайян гардидааст.

Баъди пардохт намудани ҳаққи суғуртавӣ ба хазинаи ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» ва ба имзо расидани шартнома полиси суғуртавӣ фаъол мешавад. Муддати фаъолияти полиси суғуртавӣ 12 моҳ мебошад.

Шахси суғурташуда ҳуқуқ дорад барои гирифтани хидматҳои тиббӣ ба Бемористони Ибни Сино ва филиалҳои он муроҷиат намояд. Муштарӣ қисми маблағи хидматҳои тиббиро дар асоси ҷадвали зер пардохт менамояд:

Номгӯи  хидматрасониҳо Нархи хидматрасониҳои тиббӣ Пардохт аз тарафи ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» Пардохт аз тарафи муштарӣ
Машваратҳои мутахассисон: терапевт, кардиолог, уролог, гастроэнтеролог, гинеколог, кардиохирург, нейрохирург, ортопед - травматолог, ЛОР, духтури чашм,  нефролог,  дандонпизишк

 

 -

 

 80%

 

 20%

Шӯъбаи ташхис: ЭКГ;-Тести варзиш;-ЭХО КГ;-УЗИ;-Спирометрия - 80% 20%
Хидматрасониҳои шуъбаи ёрии таъҷилӣ, яъне сӯзандоруи даруни мушак ва даруни варид тазриқшаванда - 80% 20%
Ёрии дандонпизишкӣ: Кандани дандон;-Анестизия;-Визиография - 80% 20%
Ёрии аввалии тиббӣ - 50% 50%
Бахши ёрии таъҷилӣ (то 6 соат) - 50% 50%
Рентгенография - 50% 50%
Томографияи компютерӣ - 30% 70%
Ёриҳои бемористонию болинӣ (бидуни дахолати ҷарроҳӣ) - 20% 80%
Озмоишгоҳ - 15% 85%

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 Ин барнома расонидани хидматҳои махсуси тиббиро дар чорчӯби зайл пешбинӣ менамояд:

- ёрии амбулаторӣ-дармонгоҳӣ;

- ёриҳои бемористонию болинӣ;

- ёрии дандонпизишкӣ.

 Ёрии амбулаторӣ-дармонгоҳӣ:  

- қабули духтурон: терапевт, кардиолог, уролог,  гастроэнтеролог, гинеколог,  кардиохирург, нейрохирург, ортопед-травматолог, ЛОР, духтури чашм, нефролог, дандонпизишк;

- маълумотномаҳои тиббӣ, дорухатҳо (ретсепт);

- озмоишгоҳ: таҳлили умумӣ ва муфассали хун, тромбоситҳо, индекси протромбин, лахташавии хун, таҳлили умумии пешоб, муайян намудани қанд дар пешоб, таҳлили биохимиявии хун: қанди хун, электролитҳо, сафеда ва ҷузъҳои сафеда, ферментҳо, таҳлили иммуноферментӣ, креатинин, мочевина, билирубин, липопротеидҳои  зичии баланд ва паст, холестерин, триглитсеридҳо, ҳормонҳои ғадуди сипаршакл, Hds Ag, HCV (ҳепотитҳо), ВИЧ, RW, сафедаи С реактивӣ, фактори ревматоидӣ, реаксияи Хеделсон, Райт ва Видал; таҳлили мадфуъ, муҳитҳои кишти бактериологӣ ва дигар намудҳои озмоиш;

-томографияи компютерӣ, рентген,  УЗИ, ЭКГ, ЭХО КГ, тести варзиш;

-физиотерапия; 

-ёрии таъҷилии тиббӣ. 

Ёриҳои бемористонию болинӣ

Ба Суғурташуда дар чорчӯби барномаи хидматрасонии бемористонию болинӣ  дар сурати зарурати дармони ӯ дар бемористон   хидматрасонии тиббӣ дар ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз ва роҳат ва пардохти қисми маблағи он танзим мешавад. Дар ин марҳила ба Суғурташуда ба ҷуз аз хадамоти дар боло зикргардида, ҳамчунин хадамоти зайл  расонида мешавад:

- пардохти қисми маблағи  рӯзҳои бистарӣ   дар бемористон;

- бистарӣ  кардани Суғурташаванда дар мавридҳои фаврию таъҷилӣ ва  нишондодҳои нақшавӣ мутобиқ бо Номгӯйи хидматрасониҳои тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино ва филиалҳои он (Номгӯй замима мешавад);

- муоинаҳои дастгоҳии лозим барои муайян кардани ташхиси беморӣ, дармонҳои доруӣ, табобати консервативӣ, аз ҷумла, марҳамбандӣ, васоили марҳамбандӣ, кислород ва ғайра;

Бистарӣ асосан дар ҳуҷраҳои як-се тахта бо таъмини  ғизо, парастории кормандони тибб гузаронида мешавад;

Ёрии дандонпизишкӣ:

- муоинаҳои профилактикӣ бо додани машварат ва тавсияҳо ҷиҳати дармон ва нигоҳубини лозим аз даҳон;

- анестезия;

- кандани дандон;

- визиография.

 

Эзоҳ:

а) Хидматрасонӣ мутобиқи ин Барнома дар асоси ҷадвали дар боло зикргардида расонида мешавад.

б) Дар барнома  пардохти нархи васоили истифодашаванда шомил  намешавад.

 

 

Бемористони Ибни Сино

Биёву бубар!