СУҒУРТАИ ИХТИЁРИИ ТИББӢ ВА БӮҲРОН СУҒУРТАИ ИХТИЁРИИ ТИББӢ ВА БӮҲРОН
СУҒУРТАИ ИХТИЁРИИ ТИББӢ ВА БӮҲРОН

Инҳо кормандонашонро дар ширкати мо суғурта карданд

Асосӣ

СУҒУРТАИ ИХТИЁРИИ ТИББӢ ВА БӮҲРОН

Новобаста ба буҳрони иқтисодӣ, нархи полисҳои суғуртаи тиббии ихтиёрӣ дар ташкилоти "Суғуртаи миллӣ" бе тағйир боқӣ монданд. Дар шароити феълӣ полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (СИТ) метавонад барои шаҳрвандони Тоҷикистон василаи хуби муҳофизати саломатиашон бошад.


Полиси СИТ ба шаҳрвандон имкон медиҳад  ҳангоми  дарёфти хизматрасониҳои тиббӣ  хароҷоти худро кам кунанд, чун аз 50 то 80% хароҷоти шуморо дар чаҳорчӯби барномаҳои суғуртавӣ,

ташкилоти суғуртавӣ пардохт мекунад. Ва пардохти хизматрасониҳои тиббӣ  дар тамоми мӯҳлати фаъолияти полиси СИТ идома меёбад.

Дар қарордоди суғуртаи тиббӣ, бо салоҳдиди Шумо номи муассисаи тиббӣ ишора мегардад ва Шумо дар он табобат гирифта, дар чаҳорчӯби барномаи суғуртавии интихоб кардаатон аз хизматрасониҳои тиббӣ истифода мебаред. Дар баробари ин бештари хароҷоти Шумо барои табобат аз ҷониби ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" пардохт карда мешавад.

 


ОЗОДИИ ИНТИХОБ

 

Ҳангоми хариди полиси СИТ шумо ҳуқуқи мустақилона интихоб кардани муассисаи тиббӣ ва номгӯи хизматрасониҳои тиббии заруриро  доред. Дар сурати дарёфт накардани хизматрасонии зарурӣ дар муассисаи тиббии интихобкардаатон, ташкилоти суғуртавӣ дастрасии шуморо ба муассисаи тиббии дигари ҳамин сатҳ таъмин мекунад. Ҳангоми сар задани норозигӣ оиди сифати хизматрасониҳои тиббӣ, "Суғуртаи миллӣ" барои рафъи онҳо кӯмак мекунад.

 

ИНТИХОБИ ВОСЕЪИ ХИЗМАТРАСОНИҲО

 


Ташкилоти суғуртавиӣ “Суғуртаи миллӣ” мунтазам барномаҳои суғуртавии тиббиеро пешкаш менамояд, ки мақсади ассосии онҳо кам намудани хароҷоти мардум барои хидматҳои тиббӣ аст. Дар зарфи шаш моҳи охир, дар баробари дигар барномаҳои суғуртавӣ, ташкилоти мо, боз се барномаи суғуртавии нави ҷолиберо ба хидмати мизоҷонамон омода кардааст, ки мехостам дар бораашон каме ба шумо маълумот бидиҳам.


Барномаи якуми мо «Ташхис» аст.


Бо пардохти ҳамагӣ 150,00 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ шумо соҳиби 5000 сомонӣ пӯшиши суғуртавӣ мешавед ва имкон пайдо мекунед, ки дар давоми як сол аз хадамоти тиббии беҳтарин ва пешрафти бемористони Тоҷикистон баҳравар шавед!
80% хароҷоти шуморо барои машварати мутахассисони бемориҳои умумӣ, ҷарроҳи умумӣ, духтури дил, уролог, гастроэнтеролог, гинеколог, ҷарроҳи дил, нейроҷарроҳ, гӯшу гулӯву бинӣ, устухонпизишк, духтури чашм, нефролог ва дандонпизишк ширкати суғурта пардохт мекунад.
Ҳамчунин 80% хароҷоти шумо барои ташхиси амалӣ ва хидматҳои бахши ёрии таъҷилӣ аз ҳисоби полиси суғуртавии шумо пардохт хоҳад шуд.
Барои хидматҳои озмоишгоҳи муосиртарин, рентгенография ва ёрии аввалии тиббӣ шумо фақат аз 20% то 50% арзиши онро пардохт менамоед.


Барномаи дуввуми мо «Табобат» аст.


Бо пардохти 100 сомонии иловагӣ (пардохти умумӣ 250 сомонӣ) шумо имкон пайдо мекунед ба барномаи «Табобат» гузашта аз хадамоти Бемористони Ибни Сино ба маблағи 10000 сомонӣ истифода бикунед.
Илова ба хидматрасониҳои дар боло зикршуда ин барнома аз 20% то 50% пӯшиши хароҷоти хидматрасониҳои утоқи рентген, томографияи компьютерӣ, озмоишгоҳ, физиотерапия, табобати статсионарии терапевтӣ дар ҳамаи шуъбаҳои зикршударо пешбинӣ мекунад!


Ва инак барномаи саввум ва бузургтари мо, ки дар худ имтиёзи ду барномаи авваларо дорад «Амал» мебошад. Бо пардохти 250 сомонии иловагӣ (пардохти умумӣ 500 сомонӣ) Шумо бе ягон маҳдудият метавонед ба барномаи «Амал», ки пӯшиши суғуртавии солонааш 20000 сомонӣ аст, бигзаред.


Дар чаҳорчӯби ин барнома, илова бар имтиёзҳои дар барномаҳои аввал зикршуда, қисман (аз 5% то 20%) пардохти масрафи шумо барои ҷарроҳиҳои мураккабтарин ва гаронқиммат дар ҳамаи шӯъбаҳои Бемористони Ибни Сино ба назар гирифта шудааст, ки комилан харҷи шуморо кам хоҳад кард.


Беназирии барномаҳои суғуртавии мо дар он аст, ки Шумо пешпардохтҳои худро гум намекунед. Яъне агар баъд аз ташхис ба Шумо табобат ё ҷарроҳӣ тавсия карданд, дар ин сурат шумо метавонед аз як барнома ба барномаҳои дигар бидуни маҳдудият бигзаред. Ба Шумо танҳо лозим меояд, ки фарқияти ҳаққи суғуртавии барномахоро пардохт намоед ва аз хадамоти бештаре бо имтиёз истифода кунед.


Ҳамчунин, барномаҳои суғуртавии тиббии ихтиёрии кормандон, ки алалхусус барои мизоҷони дастаҷамъии мо омода шудааст пурсамарона фаъолият доранд.


Мутобиқи ин барномаҳо (Барномаи №1 ва №2) ки ҳаққи суғуртавии онҳо 500 ва 1000 сомониро ташкил медиҳад, шахсони суғурташуда дар ҳудуди 5000 ва 12000 сомонӣ, муттақобилан пӯшиши суғуртавӣ пайдо мекунанд, ва дар давоми як сол метавонанд аз хидматҳои беҳтарини Бемористони Ибни Сино ройгон истифода баранд! Ин барномаҳо дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа баҳои баланд гирифтаанд ва маҳз аз ҳамин сабаб теъдоди мизоҷони ташкилоти мо рӯз аз рӯз меафзояд. Мизоҷони мо аз қабили коргарони ширкату корхонаҳои бузурги ватанӣ ва хориҷӣ ҳастанд. Зиёда аз 2 сол аст, ки ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи миллӣ” дар самти суғуртаи тиббӣ фаъолият мекунад ва барҳақ соҳиби эътибор ва боварии ҳамватанонамон гаштааст. Ҳомкорӣ бо ташкилоти мо ба Шумо имкон медиҳад, ки маблағи зиёдро сарфа намоед ва аз тиб ва усулҳои табобати пешқадам истифода баред. Илова бар ин, мо бо теъдоди зиёди Марказҳои саломатии шаҳрӣ ҳамкорӣ дорем, вале ифтихори аслии мо – Бемористони байналмилалии Ибни Сино 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Бемористони Ибни Сино

Биёву бубар!