АГАР "ВАҚТИ ТИЛЛОИРО" АЗ ДАСТ НАДИҲЕД, ҲАР БЕМОРИРО ШИКАСТ МЕДИҲЕД АГАР "ВАҚТИ ТИЛЛОИРО" АЗ ДАСТ НАДИҲЕД, ҲАР БЕМОРИРО ШИКАСТ МЕДИҲЕД
АГАР "ВАҚТИ ТИЛЛОИРО" АЗ ДАСТ НАДИҲЕД, ҲАР БЕМОРИРО ШИКАСТ МЕДИҲЕД

Инҳо кормандонашонро дар ширкати мо суғурта карданд

Асосӣ

АГАР "ВАҚТИ ТИЛЛОИРО" АЗ ДАСТ НАДИҲЕД, ҲАР БЕМОРИРО ШИКАСТ МЕДИҲЕД

  Ҳар беморӣ қоидатан дар сурати табобати нодуруст ва ё умуман табобат накардан метавонад авҷ гирад. Аммо агар беморӣ сари вақт ташхис шавад ва ба таъбире "вақти тиллоиаш" риоя шавад, табобати ояндаи бемор камхарҷтар ва бе аворизи ҷиддӣ сурат мегирад. Барои муаян намудани бемориҳо дар давраи аввалияашон ва аз даст надодани "вақти тиллоӣ", лозим аст  чанд  дафъа  дар  як  сол, ба ҳузури  табиб ташриф овард ва аз ташхиси тиббӣ гузашт. Танҳо табиб метавонад барои пешгирии бемориҳо ва ё табобати бемории мавҷуд ба шумо кумак кунад. Фаромӯш накунед, ки пешгирӣ кардани беморӣ, аз табобати он осонтар аст.

  Ташкилоти суғуртавии мо, як қатор барномаҳои суғуртавиро кор карда баромад, ки онҳо бояд хароҷоти шаҳрвандони моро ба хидматрасонии тиббӣ пӯшонанд ва ба шаҳарвандон имкон диҳанд, мунтазам аз хизматрасонии табибон истифода бурда, барои пешгирии беморӣ чораҳои профелактикӣ андешанд. Дар тамоми барномаҳои суғуртавии ташкилоти "Суғуртаи миллӣ" ёрии амбулаторӣ-дармонгоҳӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи ин барномаҳо, то 80% и хароҷоти шуморо барои ташхис ва табобат, ташкилоти суғуртавии мо пардохт мекунад.
  Аз ҷумла ташриф ба назди мутахассисонро, ки иборатанд аз; духтури умумӣ (терапевт), ҷарроҳи умумӣ, табиби амрози занона (гинеколог), духтури дил, уролог, духтури шикастабанд /ортопед, духтури чашм, гастроэнтролог, нейроҷарроҳ, духтури гурда (нефролог), духтури ҷигар (гепатолог), ҷарроҳӣ дил, духтури дандон, ЛОР ва ғ. ва инчунин хидматрасониҳои ташхиси функсионалӣ ва шӯъбаи Ёрии таъҷили низ ба он шоми мешаванд.  Ёрии амбулатори-дармонгоҳӣ, аз ҳама навъи оммавии ёрии табобати-пешгирикунанда ба аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Муоинаи пешгирикунандаи мутахассис, метавонад халал ва норасоиҳоро дар кори организм муаян намояд ва дар ҳолати муаян намудани ягон халал ё беморӣ, мутахассис тавсияҳои заруриро барои пешгирӣ ё табобати онҳо медиҳад.
  Барои мисол духтури умумӣ (терапевт) ҳамеша фишори артериалӣ ва набзи афродро месанҷад, ки ин имкон медиҳад нишонаҳои пӯшидаи бемории гипертоникиро (фишорбаландӣ), вақте бемор мустақиман баландшавии фишорашро ҳис намекунад. Ин духтур инчунин ташхси шуш ва дил, таҳқиқи шикам (барои муаян намудани ҳаҷми ҷигар ва испурч) ва ташхиси дигар узвҳои маҳтаваи шикамро анҷом медиҳад.
  Асабшинос ташхиси ҳолати асабҳои афродро анҷом медиҳад. Баъзе аз ташхисҳои асабӣ шояд барои афрод аҷиб ва нолозим намоянд, аммо барои мутахассис имкон медиҳанд аз халалҳои зиёди системи асаб огоҳи ёбад. Ташхиси мунтазам ва саривақтӣ барои аз даст надодани "вақти тиллоӣ", чизи асосӣ ба шумор меравад. Дар хотир дошта бошед, ки танҳо супоридани ташхиси умумии хун, метавонад тамоми халалҳои организмро сари вақт ошкор намоянд. Муроҷиати мунтазам ба мутахассис, тани шумор ҳамеша саломат нигаҳ медорад.

 

 

 

 

Бемористони Ибни Сино

Биёву бубар!