СУҒУРТАИ ИХТИЁРИИ ТИББӢ ЧИСТ (СИТ)? СУҒУРТАИ ИХТИЁРИИ ТИББӢ ЧИСТ (СИТ)?
СУҒУРТАИ ИХТИЁРИИ ТИББӢ ЧИСТ (СИТ)?

Инҳо кормандонашонро дар ширкати мо суғурта карданд

Асосӣ

СУҒУРТАИ ИХТИЁРИИ ТИББӢ ЧИСТ (СИТ)?

  Ҳамаи мо медонем, ки ёрии тибии саривақтӣ бениҳоят муҳим аст. Дар вақти гирифтор ба касалиҳои музмин будан, ҷароҳат бардоштан, заҳролуд шудан ва дигар ҳолатҳои ногувор ёрии табибони касбӣ зарур аст. Баъзеҳо имкони зуд ва саривақт пешгирӣ намудан аз ин бемориҳоро доранд, чун ҳолати молиявиашон хубтар аст. Аммо аксарият дар чунин ҳол намедонанд, ки ба куҷо муроҷиат намоянд, зеро ҳолати молиявиашон хуб нест ва онҳо имкони муолиҷаи пурра гирифтанро надоранд.
  Пас чӣ бояд кард? Суғурта намудани саломатии худ аз бемориҳо имконияти муфид барои ҳар яки мову шумо фароҳам меорад, ки бо масрафоти андаке метавонад саломатии моро ҳифз намояд.

  Ҳар нафаре, ки нияти суғуртакунии саломатии худро дорад, савол ба миён мегузорад: оё суғуртакунии саломатӣ муфид аст?
Барои дарёфти ҷавоби комил ба ин савол ва фоидаи хариди полиси суғуртавӣ Шумо бояд донед:

  • суғуртаи ихтиёрии тиббӣ чист?
  • кадом хароҷотҳои тибии Шуморо полиси суғуртавӣ рӯйпӯш мекунад?
  • кадом намуди ташхис ва ёрии терапевтиро полиси суғуртаи тиббӣ ба Шумо кафолат медиҳад?
  • афзалиятҳои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ дар чи ҳастанд?

  Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ – ин намуди суғуртаи тиббист, ки дар заминаи қарордоди тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Шахсе хи соҳиби полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ мегардад имкон дорад, аз хизматрасониҳои муасиссаҳои тиббӣ, ки дар барнамоҳои суғуртавӣ пешбинӣ шудаанд дар мӯҳлати дар полис зикр шуда истифода барад. Шахси суғурташуда ҳақ дорад ҳангоми рух додани ҳолатҳои суғуртавӣ (авҷ гирифтани касалиҳои музмин, ҷароҳат бардоштан ва заҳролуд шудан) ба бемористон муроҷиат кунад ва ёрии касбии тиббиро дарёфт кунад.
  Ҳар кас ҳақ дорад вобаста аз талаботҳои шахсӣ ва имкониятҳои молии худ барномаи суғуртавии барояш мувофиқро интихоб намояд.
  Афзалиятҳои асосии СИТ (Суғуртаи ихтиёри тиббӣ) дар ташкилоти “Суғуртаи миллӣ”:

  • ёрии касбӣ дар муддати фаъолияти полиси суғуртавӣ;
  • истифода намудан аз хизматрасониҳои тиббӣ дар яке бемористонҳои муосири Тоҷикистон;
  • мушовираи мутахассисон дар соҳаҳои муайяни тиббӣ;
  • кафолати дарёфт намудани ёрии тиббӣ дар вақти рух додани ҳолатҳои суғуртавӣ;
  • шароитҳои мусоид барои гузаронидани ташхис ва табобати минбаъда.

 

 

 

 

 

 

 

Бемористони Ибни Сино

Биёву бубар!