ХУШБАХТУ САЛОМАТ БОШЕД! ХУШБАХТУ САЛОМАТ БОШЕД!
ХУШБАХТУ САЛОМАТ БОШЕД!

Инҳо кормандонашонро дар ширкати мо суғурта карданд

Асосӣ

ХУШБАХТУ САЛОМАТ БОШЕД!

  Дӯстони гиромӣ!
  То ба анҷом расидани соли 2015 чанд рӯзе боқи мондааст. Чун ин сол зоҳиран хомӯшу ботинан дар ҷӯшу хурӯш буд, гузаронидани ин марҳилаи зиндагӣ барои ҳамаи мо дарсе буд. Новобаста ба ин, ташкилоти суғуртавии мо мунтазам рушд ёфта нуфузи худро дар бозори хидматҳои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ мустаҳкам кард ва соҳиби эътимоди мизоҷон шуда ҳамзамон аз ҷониби экспертҳои байналмиллалии соҳаи суғурта баҳои баланд гирифт. Бо мақсади дастгирии ҳамватанонамон, мутахассисони ташкилоти мо, як зумра барномаҳои зиддибӯҳрониро омада кардаанд, ки мувофиқи онҳо

то 80% ҳазинаи хидматҳои тиббиро ташкилоти мо ба зиммаи худ гирифтааст. Ҳамчунин баҳри кӯмаки молии оилаҳои камбизоат барномаи суғуртавии “Нури умед” ба роҳ монда шудааст, ки дар чаҳорчӯби он як ҷарроҳӣ ва як табобати консервативӣ дар муддати як сол ба шахсони мӯҳтоҷ ба таври ройгон муяссар шудааст. Барои ҷалб намудани зеҳни ҳамватанонамон ба суғуртаи тиббӣ ва нигаҳдории саломатии хеш, “Суғуртаи миллӣ” бозии бурдноки полисҳои суғуртавии тиббӣ “Биёву бубар” – ро ба роҳ мондааст. Бо харидорӣ намудани полиси суғуртавии тиббӣ, шахсони суғурташуда соҳиби мукофотҳои пуливу молӣ гардидаан ва муҳимаш он аст, ки дар муддати як сол тавонистанд аз хадамоти - Бемористони Ибни Сино, ки яке аз бемористонҳои беҳтарини кишварамон арзёбӣ шудааст истифода бикунанд.
  Зиёда аз ин, бо мақсади саҳмгузорӣ ба соҳаи тандурустии кишварамон, ба васоити ҷорӣ намудани системаи суғуртаи тиббӣ, мудирияти ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи миллӣ” ташаббускори тайёр намудани Лоиҳаи Қонуни “Суғуртаи ҳатмии тиббии коргарон” шуда дар ҷараёни кори Гурӯҳи корӣ саҳми арзанда мегузорад. Сарфи назар аз ҳамагуна душвориҳо ва монеаҳои мавҷуда, мо боварии комил дорем, ки танҳо бо саъю кӯшиши дастаҷамъӣ ва кори мунтазами мақсаднок ба натиҷаҳои арзанда хоҳем расид ва саҳми бевоситаи хешро дар рушди Тоҷикистони азизамон гузорем!
  Соли нави 2016 дар пеш аст! Ҳар яки мо ба оянда бо умед ва нияти нек менигарем! Ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи миллӣ”, аз самими дил ба Шумо ва наздиконатон саломатии бардавом ва муваффақият баҳри иҷрои тамоми нақшаҳоятон орзу менамоем! Бигзор дар соли нав зиндагии Шумо бо хушиву хурсандӣ ва орому осуда бигзарад!
  Аз фурсати муносиб истифода бурда ба кулли мизоҷонамон барои боварӣ, дастгирӣ ва ҳамфикр буданашон изҳори сипосгузорӣ менамоем. Мо аз ҳамкорӣ бо Шумо мефахрем ва ҳар яки шуморо қадрдонӣ мекунем. Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ мебарем, то ки сазовори эътимоди Шумо бошем!
Соли нав муборак бод!
 
  Бо арзи сипос ва эҳтиром,
  Мудирияти ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи миллӣ”

Бемористони Ибни Сино

Биёву бубар!