АКСИЯИ СОЛИНАВӢ АЗ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО! АКСИЯИ СОЛИНАВӢ АЗ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО!
АКСИЯИ СОЛИНАВӢ АЗ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО!

Инҳо кормандонашонро дар ширкати мо суғурта карданд

Асосӣ

АКСИЯИ СОЛИНАВӢ АЗ БЕМОРИСТОНИ ИБНИ СИНО!

  Хонумон ва ҷанобони гиромӣ!

  Аз 15-ум то 31-ми декабри соли равон, ба муносибати фарорасии Соли нави 2016 ва бо мақсади дастгирии молии ҳамватанонамон, мудирияти Бемористони Ибни Сино имконияти гузаронидани анҷиогрофӣ (ташхиси дил) ва анҷиопластиро (стентгузорӣ) бо тахфифи мутаносибан 5% ва 10%-ро ба ниёзмандон пешкаш мекунад. Шахсоне, ки ба гузаронидани ингуна амалҳои тиббӣ ниёз доранд бо рақами 227-43-76 дар тамос шуда худро пешакӣ номнавис намоянд. Инчунин Шумо метавонед фикру мулоҳизаҳои хешро

дар чорабинии фейсбукии мо изҳор намоед.  

  Аъзои чорабинии мазкур шудан ба Шумо имконият медиҳад, ки ҳарзамон аз рӯйдодҳои ҷадид ва хабарҳои тозаи бемористони мо бохабар буда, ҳамчунин аз маълумотҳои муфиди соҳаи тиб истифода баред.
Бемористони байналмилалии Ибни Сино аз қабили беҳтарин муассисаҳои тиббии кишварамон ба шумор меравад, ки дорои таҷҳизоти муассиртарини ҷаҳонӣ мебошад. Зиёда аз ин, дар Бемористони Ибни Сино, мутахассисони олидараҷа фаъолият мекунанд ва ҳамзамон табибони беҳтарин аз Ирон ва дигар мамлакатҳои пешсаф низ даъват мешаванд.
  Дар ҷараёни ҳамкории судбахшамон, ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи миллӣ”, дар симои Бемористони Ибни Сино ҳамкори боэътимодро пайдо кардааст. Мо фахри он мекунем, ки Бемористони Ибни Сино дар соҳаи тиб соҳиби комёбиҳои нодир гардидааст ва аз фурсати муносиб истифода бурда ба онҳо дар Соли нави 2016 муваффақият орзумандем!
  Бо эҳтиром ва арзи сипос,
  Мудирияти ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ"

 

 

 

Бемористони Ибни Сино

Биёву бубар!