БО БАРНОМАҲОИ МО ШИНОС ШАВЕД! БО БАРНОМАҲОИ МО ШИНОС ШАВЕД!
БО БАРНОМАҲОИ МО ШИНОС ШАВЕД!

Инҳо кормандонашонро дар ширкати мо суғурта карданд

Асосӣ

БО БАРНОМАҲОИ МО ШИНОС ШАВЕД!

Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи миллӣ» барномаҳои суғуртавиеро пешниҳоди шумо мекунад, ки нархи хидматрасонии   Бемористони Ибни Синоро боз ҳам арзонтар мегардонад!


  Барномаи «Ташхис»


Бо супоридани ҳамагӣ 150,00 сомонӣ пӯшиши суғуртавӣ 5 000,00 сомониро ташкил медиҳад! Ва шумо метавонед, давоми як сол аз  хидматрасонии бемористони пешқадамтарини кишвар истифода  баред.
 То 80% хароҷоти ташхис ва табобати шуморо

ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи миллӣ» пардохт намуда, имконият медиҳад, ки  ташхиси пурраро гузаред, буҷаи оилавиро ҳифз намоед, саломатии худу пайвандонатонро барқарор созед! Инчунин аз машварати  духтури умумӣ, ҷарроҳи умумӣ, гинеколог, кардиолог, уролог, ортопед, духтури чашм, гастроэнтеролог, нейроҷарроҳ, нефролог, гепатолог, стоматолог, ЛОР  истифода баред. Дар   ташхиси функсионалӣ ва бахши ёрии таъҷилӣ низ аз ин имтиёзҳо метавонед  баҳравар гардед!  Аз  20% то 50%-и   хидматрасониҳои   озмоишгоҳ,  рентген,  ёрии аввалии тиббӣ ва  бахши ёрии таъҷилӣ ( то 6 соат  ) аз ҳисоби ташкилоти  суғуртавӣ пардохт карда  мешавад!

 

  Барномаи  «Табобат»


Бо супоридани 250 сомонӣ шумо метавонед соҳиби полиси суғуртавии барномаи «Табобат» шавед, ки пӯшиши он  10 000,00 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин агар шумо  соҳиби полиси суғуртавии барномаи «Ташхис» бошед, метавонед иловатан 100 сомонӣ супорида, вориди барномаи «Табобат» гардед!

Бар замми хидматрасониҳои дар боло зикр шуда,  барнома имконият медиҳад аз 20% то 50% -и хароҷоти хидматрасониҳои томографияи компютерӣ, табобати статсионарӣ аз тарафи ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи миллӣ» пардохт бишавад!

 

  Барномаи  «Амал»

 

Бо супоридани 500  сомонӣ  шумо метавонед соҳиби полиси суғуртавии барномаи «Амал»  шавед,  ки пӯшиши он 20 000, 00 сомониро  ташкил медиҳад. Инчунин агар шумо соҳиби барномаҳои «Ташхис»  ва  «Табобат» бошед,  иловатан бо супоридани фарқияти ҳаққи суғуртавӣ,   метавонед вориди барномаи «Амал» гардед.

Мувофиқи барномаи «Амал»,  бар замми  имтиёзҳои дар боло зикр гардида,   ҳангоми гузоридани ҷарроҳиҳои мураккабтарин,  аз 5% то 80% маблағи хидматҳоро ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи миллӣ»  пардохт мекунад!


Афзалияти барномаи суғуртавии мо дар он аст, ки шумо ҳеҷ гоҳ маблағи худро аз даст намедиҳед. Агар ташхис шуморо барои табобат фиристад, метавонед аз як барнома бемалол ба барномаи дигар гузашта, танҳо фарқияти онро пардохт намоед ва аз хидматрасониҳои мухталиф истифода баред!


Бо роҳандозӣ намудани ин барномаҳо, ки асоси онро майлу хоҳиши шаҳрвандон ташкил медиҳад, ташкилоти «Суғуртаи миллӣ» таи ду сол аст, ки соҳиби обруву эътирофи мардум гардида, аз ҷониби созмонҳои хориҷӣ низ  баҳои мусбат гирифта аст.
Бо истифода аз барномаҳои пешниҳод намудаи мо,  шумо на танҳо маблағатонро сарфа мекунед, балки иловатан саломатии  худро дар сатҳи баланд барқарор ва нигоҳ медоред!


Ба маълумоти шумо мерасонем, ки мо бо дигар марказҳои саломатии шаҳрӣ ҳамкорию робита дорем ва маҳз аз ҳамкорӣ бо Бемористони Ибни Сино ифтихор мекунем!
Ин бемористон дар олами тибби муосир мақом ва мартабаи хосси худро дорост! Духтурони машҳури хориҷӣ мунтазам ба Бемористони Ибни Сино  ташриф  меоранд. Мутахассисони  ин бемористон  ҷарроҳиҳои мураккабтарин ва нозуктаринеро анҷом медиҳанд, ки  дар кишварамон ҳамто надорад!


ҶДММ  «Суғуртаи миллӣ»  аз пешқадамтарин ташкилоти суғуртавиест, ки барои аҳолӣ ва меҳмонони он,  барномаҳои беҳтарини  суғуртаи тиббиро пешниҳод менамояд.
Ҳадаф и ташкилоти мо, дасрас намудани  беҳтарин хидматрасониҳои тибби муосири меъёрҳои байналмилалӣ барои ҳар фард мебошад!

   Бо мо бошед, саломат бошед!

 

 

 

 

Бемористони Ибни Сино

Биёву бубар!