Қоидаҳои баргузории иқдоми бесобиқаи «БИЁВУ БУБАР» Қоидаҳои баргузории иқдоми бесобиқаи «БИЁВУ БУБАР»
Қоидаҳои баргузории иқдоми бесобиқаи «БИЁВУ БУБАР»

Инҳо кормандонашонро дар ширкати мо суғурта карданд

Аксия

Қоидаҳои баргузории иқдоми бесобиқаи «БИЁВУ БУБАР»

(Минбаъд – «Қоидаҳо»)

1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Иқдоми бесобиқаи «Биёву бубар» (минбаъд – «Иқдом») дар қаламрави Тоҷикистон барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баргузор мешавад. Иқдом хусусияти рекламавӣ дошта, ҳадаф аз он ҷалби  шахсони нави Суғурташаванда ва ҳавасманд кардани муштарикони мавҷудаи Ташкилот мебошад. Ин иқдом лотерея маҳсуб намешавад.
1.2. Созмондиҳандаи Иқдом ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» мебошад.
Иҷозатномаи ВД ҶТ №  НС-07-38 аз 27 декабри соли 2012.
Адреси ҳуқуқӣ: ш. Душанбе, к. Ф. Ниёзӣ, 34.
Сайти расмии Созмондиҳанда: www.sugurta.tj
1.3. Ҳар харидори полиси суғуртавии тиббии бурдноки ҶДММ  «Суғуртаи миллӣ» барои як сол, ҳамзамон ширкаткунандаи ин Иқдом мешавад ва имкон пайдо мекунад яке аз ҷоизаҳои эъломшударо бурд кунад.
1.4. Муддати  баргузории иқдом: аз 26  октябри соли 2015 то 21 марти 2016. Бозии фонди ҷоизавӣ  на  камтар аз 2 (ду) бор дар муддати баргузории Иқдом гузаронида мешавад.
1.5. Бо тасмими Созмондиҳанда  муддати баргузории Иқдом метавонад тамдид шавад, ки дар ин бораи Ширкаткунандагони Иқдом қаблан огоҳ карда мешаванд.

 

2. Фонди ҷоизаҳои Иқдом
2.1. Фонди ҷоизавии Иқдом аз ҳисоби маблағҳои Созмондиҳанда ташкил ёфта, ба таври ҷудогона қабл аз баргузории бозии фонди ҷоизавӣ тахсис дода мешавад ва танҳо барои эътои ҷоизаҳо ба барандагони Иқдом сарф карда мешавад.
2.2. Маблағи  як давраи фонди ҷоизаҳои Иқдом 37 700  (сию ҳафт ҳазору ҳафтсад) сомониро ташкил медиҳад.
2.3. Дар Иқдом ҷоизаҳо барои барномаҳои «КЛАССИКА». «НУҚРАӢ» ВА «ТИЛОӢ» ба бозӣ гузошта мешаванд.
- Барои барномаи суғуртавии «Классика» 3  ҷоизаи молӣ ва ҷоизаи асосӣ ба маблағи 5000 сомонӣ ба бозӣ гузошта мешавад. 
- Барои барномаи суғуртавии «Нуқраӣ» 3  ҷоизаи молӣ ва ҷоизаи асосӣ ба маблағи 10000 сомонӣ ба бозӣ гузошта мешавад. 
- Барои барномаи суғуртавии «Тилоӣ» 3  ҷоизаи молӣ ва ҷоизаи асосӣ ба маблағи 20000 сомонӣ ба бозӣ гузошта мешавад. 
2.4. Ҷоизаҳои пулӣ   ба барандагони  Иқдом   дар  ҳисобдории Созмондиҳанда ба таври нақд ва ё ворез ба ҳисоби банкии ӯ,  бо нигоҳ доштани  андози даромади  шахсони воқеӣ,  супорида мешавад. Ҷоизаҳои молӣ дар дафтари Созмондиҳанда супорида мешаванд.

3.  Ширкаткунандагони Иқдом
3.1. Ҳар, ки мутобиқ бо яке аз барномаҳои суғуртавии  «КЛАССИКА». «НУҚРАӢ» ВА «ТИЛОӢ» бо Созмондиҳанда шартномаи Суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (минбаъд «СИТ») имзо мекунад, ба ҷуз аз кормандони Ташкилот ва аъзои оилаи онҳо,   метавонад дар Иқдом иштирок бикунад.
3.2.  Агар   шахсе одамони дигарро ба ширкат дар Иқдом ҷалб бикунад, ба ӯ барои ҳар Ширкаткунандаи ҷалбшуда  8% аз маблағи пардохти суғуртавӣ, ва дар сурати беш аз 10 нафарро ҷалб кардан 10% маблағи пардохти суғуртавӣ, бо нигоҳ доштани  андоз аз даромади шахси воқеӣ  дода мешавад.  

4. Тартиби баргузории Иқдом
4.1.Бозии фонди ҷоизавии Иқдом дар адреси ш. Душанбе, к. Ф. Ниёзӣ, 34 (дафтари Ташкилоти «Суғуртаи миллӣ) ва ё дар маҳалли дигар баргузор мешавад ва  дар ин хусус қаблан иттилоъ дода мешавад.
4.2. Барои ширкат дар бозии бурдноки фонди ҷоизавии Иқдом,  Ширкаткунандагон бояд дар муддати баргузории Иқдом яке аз барномаҳои суғуртавии  «КЛАССИКА». «НУҚРАӢ» ва «ТИЛОӢ»-ро интихоб намуда,  бо Созмондиҳанда шарномаи СИТ-ро имзо кунад;
- Дар муддати баргузории Иқдом Ширкаткунанда имкон дорад мутобиқ бо Барномаи суғуртаи интихобкардаи худ дар бозии бурднок ширкат бикунад. Агар Ширкаткунанда қаблан  Барандаи иқдом шуда бошад, пас ӯ сарфи назар аз иҷро кардани ҳамаи шартҳои Иқдом,  дигар ҳаққи ширкат кардан дар бозиҳои минбаъдаи Иқдомро надорад.
Ҳангоми имзои шартнома Ширкаткунандаи Иқдом бо шартҳои бозии бурднок шинос шуда, ба ширкат дар бозии бурднок ва истифодаи иттилоъоти шахсиаш мутобиқ бо қисми 8 ин Қоидаҳо ризоият медиҳад ва  ба таъйиди он дар Шартномаи СИТ имзо мегузорад.   

5. Тартиби муайян кардани Барандагони Иқдом
5.1. Барои баргузории бозии бурднок Созмондиҳанда иборат аз 5 (панҷ) нафар комиссион ташкил мекунад.
5.1.1. Раиси комиссион аз ҷумлаи одамони дар ҷомиа машҳур, ки шаҳрванди ҶТ мебошанд, интихоб мешавад.
5.1.2. 3 нафар аъзои комиссион аз ҷумлаи Ширкаткунандагони Иқдом  ва як нафар аз кормандони Созмондиҳанда интихоб мешаванд.
Вазифаҳои комиссион  иборат аст:
- баргузории бозии бурдноки фонди ҷоизавии Иқдом;
- тасдиқи натичаҳои бозии бурднок бо роҳи имзои санади  марбута ва таблитсаи расмии натичаҳои бозии бурднок.
5.2. Барои баргузории бозии бурднок Созмондиҳанда феҳристи шумораҳои полисҳои суғуртавии ба Ширкаткунандагони Иқдом (Шахсони Суғурташуда)  додашударо  таҳия мекунад, ки дар сайти Созмондиҳанда: www.sugurta.tj  нашр мешавад.
5.3. Бозии бурднок ба тартиби зайл баргузор мешавад:
- ширкаткунандагони бозии бурднок ва аъзои комиссион дар мавриди маҳал ва замони баргузории Иқдом аз тариқи ирсоли паёмак, нашри иттилоъот дар расонаҳо, торнамоҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ  хабар дода мешаванд;
- намояндагони расонаҳо даъват карда мешаванд;
-шумораҳои инфиродии ширкаткунандагон мутобиқ бо полисҳои суғуртавии харидашуда («КЛАССИКА». «НУҚРАӢ» ва  «ТИЛОӢ») тақсим карда шуда, дар матбаа  чоп ва ба шакли пӯшида дар зарфҳои ҷудогонаи шаффоф ворид карда мешаванд;
- аввалан бурдҳои молӣ мутобиқ бо полисҳои суғуртавии харидашуда («КЛАССИКА». «НУҚРАӢ» ВА «ТИЛОӢ») ба бозӣ гузошта мешаванд ва гардонандаи бозӣ  аз зарф ҳар шумораи Ширкаткунандаи ба даст афтодаро берун оварда, бурдро эълом мекунад.
- баъдан се ҷоизаи асосии пулӣ мутобиқ бо полисҳои суғуртавии харидашуда («КЛАССИКА». «НУҚРАӢ» ва  «ТИЛОӢ») ба бозӣ гузошта мешаванд. Тартиби баргузорӣ айнан шабеҳи бозии чоизаҳои молӣ аст.

6. Тартиб ва муддати дарёфти ҷоизаҳо
6.1.  Эътои ҷоизаҳо дар  нишониҳои ш. Душанбе, к. Ф. Ниёзӣ 34 (дафтари Ташкилот дар Душанбе), ш. Хуҷанд, к. Р. Ҷалил 31 «а», (дафтари Ташкилот дар ш. Хуҷанд), ш. Фархор, к. И. Сомонӣ 22 (дафтари Ташкилот) бо роҳи имзои санади таслиму таҳвил (Замимаи № 1) сурат мегирад.
6.2. Агар Барандаи Иқдом дар раванди бозии бурднок ширкат надошта бошад, пас натичаи бозии бурдноки фонди ҷоизаҳо ба Баранда аз тариқи занги телефон, ки дар  Шартнома сабт шудааст,   ирсоли паёмак ва аз тариқи E-mail  расонида мешавад.   
6.3. Агар Ширкаткунандаи Иқдом майл дошта бошад, ки мустақиман худаш дар бозии бурднок дар ш. Душанбе ширкат кунад, пас дар ин сурат Созмондиҳанда ҳазинаҳо ва ҳар гуна хароҷоти мумкини ӯро барои иҷрои шартҳои Иқдом пардохт намекунад.
6.4. Барои дарёфт кардани ҷоиза Баранда бояд  мадраки таъйидкунандаи шахсияташро пешниҳод бикунад.
6.5. Барандаи Иқдом барои  таҳвил гирифтани чоиза бояд дар муддати 10 рӯзи корӣ ба Созмондиҳанда муроҷиат намояд. Дар сурати ҳозир нашудани Баранда дар муддати муқаррашуда, ҷоиза талабнашуда ҳисобида мешавад ва Созмондиҳанда ҳақ дорад онро бо салоҳдиди худ истифода намояд.
6.6. Ҳангоми таҳвил гирифтани ҷоиза Баранда санади таслиму таҳвили ҷоизаро имзо мекунад. Иҷро накардани талаби ин банд маънои даст кашидани Баранда аз ҷоизаро дорад. Дар ин сурат Баранда аз ҳаққи таҳвил гирифтани ҷоиза маҳрум мешавад. Созмондиҳанда ҳақ дорад ҷоизаро бо салоҳдиди худ истифода кунад.

7. Тартиби иттилоърасонӣ ба Ширкаткунанда дар бораи шартҳои Иқдом
7.1. Иттилоърасонӣ ба Ширкаткунандагони Иқдом дар мавриди таърихи баргузории Иқдом ва шартҳои он бо роҳҳои  зайл сурат мегирад:
 - аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз тариқи торнамои Созмондиҳанда: : www.sugurta.tj, ба воситаи нашрияҳо ва дигар расонаҳо дар тамоми муддати баргузории Иқдом;
- бо шумораи телефонҳои «хати фаврӣ»: 48 701 70 70, 918 26 30 02 ( аз соати 8.00 то 17.00)
- насби иттилоъ дар дафтари Созмондиҳанда;
- бо роҳҳои дигар ба интихоби Созмондиҳанда;
7.2. Иттилоърасонӣ ба Ширкаткунандагон дар сурати қабл аз муҳлат  қатъ шудани баргузории Иқдом бо роҳҳои зайл сурат мегирад:
 - аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз тариқи торнамои Созмондиҳанда:  www.sugurta.tj, ба воситаи нашрияҳо ва дигар расонаҳо дар тамоми муддати баргузории Иқдом;
- бо шумораи телефонҳои «хати фаврӣ»: 48 701 70 70, 918 26 30 02 ( аз соати 8.00 то 17.00)
- насби иттилоъ дар дафтари Созмондиҳанда;
- бо роҳҳои дигар ба интихоби Созмондиҳанда;

8. Таҳия ва истифодаи иттилоъоти шахсӣ
8.1 Ризоияти Ширкаткунанда барои ширкат дар Иқдом ҳамчунин мувофиқати ӯ ба таҳия ва истифодаи иттилоъоти шахсии  ӯ ба муносибати ширкати ӯ дар Иқдом мебошад. Чунончи  ҷамъоварӣ, сабт, танзим кардан, нигоҳ доштан,  истифода кардан, дақиқ кардан (таҷдид, тағйир)   аз ҷумла бо мақсади баргузории бозии бурднок, ирсоли иттилоъ ба муносибати ширкат дар Иқдом, бо мақсади эътои ҷоиза, барқарории иртиботи инфиродӣ  бо Ширкаткунанда бо мақсадҳои марбут ба  баргузории Иқдом ҳам аз ҷониби Созмондиҳанда ва ҳам шахсони севум, ки Созмондиҳанда ҷалб кардааст, ҷой додани иттилоъ дар мавриди Барандаи Иқдом ба торнамои расмии Созмондиҳанда, таҳвили ин иттилоъот (нашр кардан, вогузор кардан, дастрасӣ), масдуд кардан, ҳазф намудан, нобуд  кардани иттилоъоти шахсӣ бо мақсадҳлои баргузории  Иқдом.
8.2. Ширкаткунандаи Иқдом ба таҳия ва истифодаи иттилоъоти расмии зайл дар чаҳорчӯби баргузории Иқдом ризоият медиҳад: фамилия, ном, номи падар, санаи таваллуд, шумораҳои телефон, адреси маҳалли зиндагӣ (регистратсия), e-mail, ҳамчунин иттилоъоти шиноснома (серия, шумора, таърихи судур, ниҳоде, ки онро додааст) (акс ва тасвири видеоии Баранда – бо ризоияти хаттии субъекти иттилоъоти шахсӣ).
8.3 Иттилоъоти шахсӣ бо мақсадҳои ғайри баргузории Иқдом ба шахсони севум дода намешавад ва аз ҷониби Созмондиҳанда ва шахсони салоҳиятдори он танҳо барои иҷрои ҳуқуқ ва вазоифашон дар чаҳорчӯби ин Иқдом истифода мешаванд.   

9. Муқаррароти дигар
9.1. Мутобиқ бо Кодекси андози ҶТ  аз маблағи  ҷоизаҳои Иқдом андоз ситонида мешавад.
9.2.  Мутобиқ бо қонунҳои  андози ҶТ Созмондиҳанда агенти андоз маҳсуб мешавад ва зимни таслими (ворези) маблағи бурд, вазифадор аст аз маблағи бурди баранда андози даромади шахсони воқеиро нигоҳ дошта,  онро ба буҷа пардохт кунад.
9.3. Иттилоъот дар бораи Иқдом ва Қоидаҳои мазкури баргузорӣ ва ширкат дар Иқдом дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар торнамои Созмондиҳанда:  www.sugurta.tj , рӯзномаҳо ва дигар расонаҳо ва дар дафтари Ташкилот ҷой дода шудаанд.
9.4. Созмондиҳанда барои шинос нашудани Ширкаткунанда бо ин Қоидаҳо масъул нест. Қоидаҳои мазкур нисбат ба ҳама гуна иттилоъия ва матлабҳои иттилоъотии дигар, ки ҳадафи рекламавӣ ва иттилоърасонӣ доранд, афзалият дорад.
9.5. Ширкаткунанда метавонад дар ҳар лаҳза бо роҳи ирсоли аризаи хаттӣ  ба Созмондиҳанда аз ширкат дар Иқдом даст бикашад. Ариза ба гунаи  мутобиқ бо  майли Ширкаткунанда навишта шуда, бояд ҳовии фамилия, ном, номи падари муштарик, серия ва шумораи санади таъйидкунандаи шахсият ва шумораи телефонии иртиботӣ бошад. Баробари ба дасти Созмондиҳанда расидани ариза дар бораи худдорӣ  аз ширкат дар иқдом,  Ширкаткунанда     аз Иқдом дасткашида маҳсуб мешавад.
9.6. Ширкаткунанда ҳақ надорад ҳуқуқҳои худ дар иртибот бо ширкат дар Иқдомро ба  шахси севум диҳад ва ё ба гунаи дигар вогузор намояд.
9.7. Дар ҳамаи мавридҳое, ки дар Коидаҳои мазкур пешбинӣ нашудааст, Созмондиҳанда ва Ширкаткунандаи Иқдом мутобиқ бо қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.

Бемористони Ибни Сино

Биёву бубар!